• Employees   
  • Students   
  • Distance education   
  • Graduates   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Institute
    • About the Institute
      • General Information
      • Development Strategy
    • Academic Council
    • Management
    • The structure of the institute
    • Sustainable Development Goals
      • Strategic Development Goals of the Republic of Tajikistan
      • Twenty years of the study and development of natural, exact and mathematical sciences in the field of science and education (2020-2040)
      • Science is the beacon of enlightenment
      • Book - the wisdom of the dawn radiance
      • "Tajikon" is a mirror of the nation's history
      • Tajikistan is my home country
    • Laws and regulatory legal acts
    • News
    • Contacts
  • TRAINING
    • Educational and Methodological Council
    • Bachelor's Degree
    • Master's Degree
    • PhD Studies
    • Second Degree
    • Cyclic Training
    • Academic Calendar
    • Student Practice
    • Short-Term Courses for Students
    • Preparation Courses for Applicants
  • RESEARCH
    • Scientific and Technical Council
    • Laboratories and Research Centers
    • Scientific and Technical Library
    • Scientific Research
    • Bulletin of KPITTU
    • Technological Park
    • Conferences, seminars, and olympiads
    • Scientific Clubs
  • Educational activities
    • Department of Youth Affairs
    • Sport
    • Art Club
    • Public Relations
    • Publication “Mehvari Donish” (Core of Knowledge)
    • Public Councils
      • Institute Veterans Council
      • Institute Women's Council
      • Committee of curators
  • International relations
    • International Cooperations
    • Partnership Development
    • Projects and Grants
    • International Educational Programs
  • Admission – 2026
    • Admission Rules
    • Admission plan
    • Tuition Fees
    • List of documents for admission
    • Admissions committee

  • Main
  •     /  
  • News
  •     /
  •    News
Новости
News

ДОВТАЛАБ-2025: ДПДТТ ДАР МАСИРИ РУШД
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли равон 15-сола мешавад. Дар ин муддат барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассус қадамҳои муҳиму самарабахш гузошта шуданд.
Донишкада аввалин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар раванди таълим барномаи Маркази тестиро истифода кардааст. Ҳамчунин, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ системаи бисёрфунксионалии идоракунии мактаби олӣ коркард шудааст. СИД дар шабакаи ягонаи компютерӣ амал карда, ҳамаи биноҳо, воҳидҳои маъмурӣ ва таълимии сохториро, ки дар қисмҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, муттаҳид месозад. Тамоми ҷанбаъҳои раванди таълимии донишҷуён, омӯзгорон ва кормандон ба воситаи интерфейс дар СИД ба амал оварда мешаванд. Кори система шаффоф буда, дар он тамоми маълумот доир ба фаъолияти донишкада, омӯзгорон, кормандон ва дастовардҳои донишҷӯён марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат шаффоф ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад. Яке аз ҳадафҳои асосии истифода ва татбиқи ин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишкада мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.
Донишкада дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз аввалин муассисаҳои таълимиест, ки раванди таҳсилоти фосилавиро ба роҳ мондааст. Инчунин, донишкада яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аст, ки бо ёрии барномасозони худ китобхонаи рақамиро сохтааст. Донишҷӯён бо ёрии саҳифаи интернетӣ ба ин китобхона ворид шуда, аз адабиёти даркорӣ истифода мебаранд. Теъдоди китобҳои чопӣ ва электронӣ сол аз сол афзуда, имрӯз дар махзани китобхонаи донишкада 146 ҳазору 319 нусха китобҳои чопӣ ва 46 ҳазору 446 нусха китобҳои электронӣ маҳфузанд, ки ҳамарӯза аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён тариқи саҳифаҳои интернетии худ новобаста дар донишкада ё дар хона истифода мебаранд.
Соли панҷум аст, ки таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» ярмарка доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти Донишкада ва робита бо корхонаву ташкилотҳо, ҳамчунин, таъмини корхонаҳо бо мутахассисони арзанда аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкада маҳсуб меёбад.
Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Кедр», «Суғдшаҳрофар», «Равзана пласт», «Еврострой», «ПМК-15», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «САТН», «Хлебокомбинат», «Фаровон», «Файзи Расул», «Зерновая компания», «Зода», «Яхмоси 33», «Ҷавонӣ», «САТН», «Роҳи абрешим», Ҷамъияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», «НБО Қайроққум», бонкҳои «Эсхата», «Матин», «Имон-интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк» ширкат дошта, наздики 200 нафар хатмкунандагон дар ҳамин рӯз соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Дар доираи таҳқиқоти илмӣ дар кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва забоншиносии компютерӣ бо мақсади пешбурди Стратегияи давлатии рушди технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устодони донишкада дар таҳқиқи луғатҳои бисёрзабонаи компютерӣ, тезауруси компютерии забони тоҷикӣ, тафтиши худкори имло дар матн бо забони тоҷикӣ, синтез ва шинохти овоз, мубодилаи ҳарфҳо (транслитератсия) аз алифбои кириллии забони русӣ ва алифбои лотинии забони англисӣ ба алифбои кириллии забони тоҷикӣ, тарҷумаи мошинии матн дар забони тоҷикӣ, ташкил ва истифодаи захираи параллелии матн ва истифодаи он дар раванди тарҷума, масъалаи шинохти муаллифи матн бо забони тоҷикӣ дар асоси басомади вохӯрии ҳиҷо ба дастовардҳои азим ноил шуданд. Натиҷа ҳамкории мутақобила бо ширкати бонуфузи “Майкрасофт” мебошад.
Дар давоми 5 соли охир зиёда аз 60 адад сертификати маҳсулоти зеҳнӣ гирифта шудааст.
Дар донишкада 148 синфхонаи таълимии барҳаво, 47 озмоишгоҳи таълимию таҳкиқотӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 3 толори маҷлис, 2 ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 3 китобхона бо толори хониш, хобгоҳ барои 600 ҷой ва марказҳои таълимию омӯзишӣ фаъолият мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо ҷиҳозонида шуда, ба системаи баландсуръати интернет пайваст шудааст. Ба донишҷӯён зиёда аз 160 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд, ки 42% онҳо унвон ва дараҷаи илмӣ доранд.
Дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, 3 озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъӣ, 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, 1 озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, маркази таълимию омӯзишӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос ташкил карда шудааст.
Донишкада айни ҳол бо зиёда аз 100 донишгоҳҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар соли 2024 бо 10 донишгоҳҳои хориҷӣ, ба монанди Донишкадаи мошинсозии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент, Донишкадаи политехникии Фарғона, Донишгоҳи техникии нафтии Уфа, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самара, Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилооти Қазоқистон баста шудааст. Дар доираи ин шартномаҳо барномаҳои мубодилаи акдемии донишҷӯён ва омӯзгорон чорабиниҳои илмӣ, такмли ихтисоси омӯзгорон баргузор карда мешавад.
Шаҳриёр САЪДУЛЛОЗОДА,
директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ
БОЗНАШР АЗ Pressa.tj 01.04.2025.


: 3608

Category

  • News
  • Events

Latest news


  • 02.10.2026
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
  • 02.10.2026
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН

Popular news


  • 27.06.2026
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО

Address

Polytechnical Institute of Tajik Technical University named after academician M.S. Osimi in Khujand

Contacts

Republic of Tajikistan, 735700 sh. Khujand, 226 Ismaili Samoni Avenue

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

About

  • Institute
  • TRAINING
  • LATEST NEWS
  • EVENTS AND ACTIVITIES
  • Virtual tour

Links

  • President of the Republic of Tajikistan
  • Ministry of Education and Science of the Republic of Tajikistan
  • Agency for control in the field of education and science under the President of the Republic of Tajikistan
  • NIAT «Khovar»

© Copyright 2026 | Все права защищены